Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чун ба гиребони субҳ атр занад ёсуман,

Чун ба гиребони субҳ атр занад ёсуман, Об шавад бесадо шамъи зумуррадлаган. Мефитад аз осмон рӯйкаши шабнамӣ, То напарад дергоҳ оҳари рӯи чаман. Гоҳ чу ҷӯбори шаб, гаҳ гули гавҳар ба лаб, Бонгзани хилватам, хомушаки анҷуман. Мебарадат зулфи ёр бар шаби торику тор, Гесуи хуршед гир, бар шаву нуҳ дар бизан. Бо қалами офтоб нур кашам ҷон ба ҷон, Чун гули печак наям нешзанон тан ба тан. Талхвашам хондаӣ бехабар аз он ки ҳаст Қанди хуши порсӣ дар лаби шаккаршикан. Ҳарф садо медиҳад: Ишқ ҷавон шуд, ҷавон, Ишқ сало мезанад: ҳарф куҳан шуд, куҳан! Оина девор шуд, оина бардор, шуд! Ҷуфт шавад бесухан ҷони туву ҷони ман.