Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То чанд ситорасӯз будан,

То чанд ситорасӯз будан, Саргаштаи чархи кӯз будан? Боист чу осмоншиносон Хонандаи ҳар румуз будан. Бо фарру ҷалоли ховарона Хуршеди ҷаҳонфурӯз будан. Боист барои ҳар дили чок Ҷарроҳи буридадӯз будан. Чандест, ки бо супориши вақт Шармандаам аз аҷуз будан. Ту, як Ту ҳамеша метавонӣ Дар марҳалаи ҳанӯз будан.