Пушти қафас чӣ мекунӣ, эй дил, фирор кун,
Пушти қафас чӣ мекунӣ, эй дил, фирор кун,
Имсол тарки шеваи перору пор кун.
Аз ифтихори холии ту сахт хастаам,
Беҳуда ифтихор накун, ибтикор кун.
Гуфтам ба хома, фикри фароғат чӣ мекунӣ,
Марг аст ин танаффуси бисёр, кор кун.
Вақте ки ханда зад гули баҳман, хазон шудӣ,
Ҳоло, ки хушк шуд гули обон, баҳор кун.
Яъне ки бар баҳор дигарбора даст деҳ,
Он дӯстии гумшударо барқарор кун.
Он ёр қоҳ-қоҳ занад дар ҷавоби оҳ,
Зону мазан, ҳақорати худро виқор кун.
Ёди варо, ки ёди туро ранҷ медиҳад,
Аз ёди босадоқати худ ихтисор кун.
Собуни барф доғи чаманро равондааст,
Собуни вақт, рӯҳи маро беғубор кун.
Вақте дубора ишқ биёяд, ки дил барад,
Розӣ нашав, ҳазор баҳона қатор кун.
Эй навтарину куҳнатарин-ҷовидонтарин,
Бори дигар биёву тавофи мазор кун.