Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман,

Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман, Аз ғайб бидеҳ роиҳа, исонафаси ман. Ларзид зи таҳрики ту, эй сабзтарин сабз, Дар хобгаҳи сина дили беҳаваси ман. Аҳсант ба хурдиву ҳақирӣ, ки тавонист Фатҳи чу туе шабнами хуршедраси ман. Бо воситаи туст, аё қосиди қудсӣ, Бар сӯи ҳаёт омадани бозпаси ман. Эй кош, барад фитрати мо раҳ ба таҷаддуд, Ин аст зи даргоҳи Худо мултамаси ман. Гар рӯҳи башарро набарам ҷониби некӣ, Ҳайф аст ҳамин ҳастии пучу абаси ман. Ин қофиларо боз ба тавҳид бихонад Аз дохили ҳар вожа садои ҷараси ман.