Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғайб назан, ҳотифи пайдои ман,

Ғайб назан, ҳотифи пайдои ман, Ҳотифи дамбаставу гӯёи ман. Омадаӣ, бар қадамат пешкаш Фасли хазонрези таманнои ман. Пеши дарат чанд маҳал саф кашад Тавбаи ман, узру тазаррои ман. Як гули қаҳ-қаҳ бувадаш ҷоиза Ҳар кӣ кунад боз муаммои ман. Оина, эй оинаи дилнамо, Чашми ту шуд шореҳи маънои ман Атса занад, атса занад ёди ту, Атса зи бигзаштаи зебои ман. Нест маро қудрати таҳрири вақт, Баски набуд аз азал иншои ман. Ҳеч натарс аз ману пирии ман, Ишқ, бифармо, ту ба фардои ман.