Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ишқ, баро аз вақт, тақвимдаронӣ кун,

Эй ишқ, баро аз вақт, тақвимдаронӣ кун, Бемавсиму бетақвим сад қарн ҷавонӣ кун. Шамсӣ куну маҳтобӣ тақвими ду чашматро, Кулли санаро бар мо иди ҳамагонӣ кун. Чун рутбаи маҷнунӣ бартар зи арастуист, Бовар накунӣ, боре ташхиси равонӣ кун. Бо шеваи ғамсӯзат, бо сӯзани дилдӯзат Сад лахтаи қалбамро пайванди ниҳонӣ кун. Ҷабрилсифат пеш о, хуршедсулули ман, Дилро, ки ба ту додам, ҳар чӣ битавонӣ, кун.