Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хуршед туӣ, ба шиша рӯ кун,

Хуршед туӣ, ба шиша рӯ кун, Сад найза ба ҷони ман фурӯ кун. Дар тобаи доғи хеш бигдоз, Ҷавре, ки намекунад адӯ, кун. Саҷҷодаи субҳ интизор аст, Бо шабнами нози ман вузӯ кун. Эй вусъатат осмон гирифта, Дар ҷавфи ҳубоб ҳоюҳу кун. Атри нафасам ба вожаҳо рехт, Атри нафаси тарона бӯ кун. Ашке, ки пас аз хиёнат орӣ, Бар мурдаи ишқ покшӯ кун. Сад соли дигар висоли моро Аз дурии ҳаҷр орзу кун.