Эй дил, эй дил, бетаманноӣ накун,
Эй дил, эй дил, бетаманноӣ накун,
Гул ба гул зан, баргпартоӣ накун.
Мард шав, яклахт шав, садлахти ман,
Одамӣ кун боз, Ҳаввоӣ накун.
Офтобӣ, қуллаҳоро барфурӯз,
Пушти кӯҳи Қоф анқоӣ накун.
Аз бисотат муҳраи момо наҷӯ,
Фикри зардолуи бобоӣ накун.
Дар сулули хеш бин муҳри ниё,
Ҷуз суроғи муҳри миноӣ накун.
Аллагӯи орзуҳои худӣ,
Осии дерин, таносоӣ накун.
Нав шав, эй синнат фузун аз синни даҳр,
Мисли пешин куҳнасимоӣ накун.
Шарм дор, эй лолаи лол, аз завол,
Ҳеч гаҳ тарки шукуфоӣ накун.