Эй тундгард, пои ҳавасро пиёда кун,
Эй тундгард, пои ҳавасро пиёда кун,
Аз рӯзи охирини баҳор истифода кун.
Шодӣ кунад рақиб, ки роҳи ту хатм шуд,
Аммо ту боз нав шаву оғози ҷода кун.
Шармандаӣ, ки ишқ наварзидаӣ ҳанӯз,
Мардона бош, инаку ҳиммат зиёда кун.
Чилшӯи чашмҳои чиҳилсола боядат,
Худро чу чашми нинии якрӯза сода кун.
Эй ҳаҷраве, ки Шомравӣ, рӯ ба субҳ неҳ,
Яъне, сафар ба ин ҳарами нокушода кун.