Матлаат хуршедмаънӣ, мақтаат маҳтобмазмун,
Матлаат хуршедмаънӣ, мақтаат маҳтобмазмун,
Ҷовидон зӣ, навҷавон зӣ, рӯд, эй рӯди ҳумоюн.
Навтаринӣ, навтанинӣ, ринди ширинравтаринӣ,
То қиёмат ҳам наӣ ту шоири аз мӯд берун.
Хокие натвонад охир мисли ту бесакта рафтан,
Кош, мерафтем мо ҳам ҳамчу ту мавзуни, мавзун.
Бо само хешу таборӣ, бо малоик ҳамканорӣ,
Миллату мазҳаб надорӣ, эй ту бо хуршед ҳамхун.
Раҳрави бедорхобӣ, обилабанд аз ҳубобӣ,
Дар ғами кӣ об - обӣ, эй ту Маҷнунтар зи Маҷнун.
То ҳайӣ имрӯзу фардо, по бизан бар кори дунё,
Шоҳкоре аз Таоло, сунъи Шоҳаншоҳи гардун.