Тифлӣ гузашту гум шуд милодномаи ман,
Тифлӣ гузашту гум шуд милодномаи ман,
Ишқи ту муҳри нав зад дар зодномаи ман.
Яктотарин ту монӣ, фардотарин ту монӣ
Дар ишқномаи ман, дар ёдномаи ман.
Бо номи туст иншо, бо килки туст ифшо
Ҳам дардномаи ман, ҳам шодномаи ман.
Вақте ки мурда будам, овози исавият
Аз чор сӯ фиристод имдодномаи ман.
То ту шавад фалаксайр ин номаҳои шукрам,
Бар худ бувад, на бар ғайр эродномаи ман.
Бо баста-баста розам, бо хирмани маҷозам
Баҳри ту бозгардад бе код номаи ман.