Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз саҳаристон биё бар сақаристони ман,

Аз саҳаристон биё бар сақаристони ман, Ваҳйи муборак бидеҳ ҷони маро, ҷони ман. Гӯш бидеҳ бар қафас, то шунавӣ як нафас Чаҳ-чаҳи хуршеди ман, қаҳ-қаҳи борони ман. Пайку саломи дилам баски нишонӣ наёфт, Бозпас омад ҳама боз ба унвони ман. Фикр кунад бадгумон ин ки басе ноаён Чирки ҷаҳон ҷо шуда зери гиребони ман. Покии пиндори ман пеши касе боз нест, Ӯст фақат дар фалак ҳуҷҷату бурҳони ман. Асли маро пеши ӯ ҳоҷати исбот нест, Ӯст фақат огаҳ, ӯ, аз мани пинҳони ман. Фалсафаҳои маро тарҷума кун, эй баҳор, Мантиқи рӯшан биҷӯ, ишқ, зи ҳазёни ман. Баъди дусад қарн ҳам з-он нафаси исавӣ Атса занад дар қафас ғунчаи беҷони ман.