Аз дуроҳаи дунё ҳам ту меравӣ, ҳам ман,
Аз дуроҳаи дунё ҳам ту меравӣ, ҳам ман,
Рӯ ба сӯи он Якто ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Тоҷи мо зари гул буд, килки мо пари гул буд,
Эй чу ғунча ноифшо, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Дай намонад, озар ҳам, солу моҳи пар-пар ҳам,
Эй баҳори гулсимо, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Ку илоҷи не гуфтан, ҷон ба ҳуққа бинҳуфтан,
Чун хат ояд аз боло, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Эй қадам, шарофат рез, эй нафас, нафосат рез,
Бо тарашшуҳи зебо, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Аз ману ту ҳам охир шаммае накӯӣ бод
Ёдгораи фардо, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.
Пас, ҳамин дам эҳё шав, ишқ шав, таманно шав,
Баъд аз ин магӯ асло: ҳам ту меравӣ, ҳам ман.