Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омаданам рафтан аст, рафтани ман- омадан,

Омаданам рафтан аст, рафтани ман- омадан, Байни ману арш ҳаст кашмакаши тан ба тан. Оқибатат бандагист, охиратат зиндагист, Эй дили осӣ, накун ин ҳама бардорузан. Ҷангкунон мерасем боз ба сарҳадди ҳеч, Як мани қолабнишин бо мани қолабшикан. Он тарафи панҷара ҳаст тапишҳои боғ, Ҳаст тапишҳои дил он тарафи пираҳан. Панҷараро боз кун бар тапиши сабзи боғ, Фосила бисёр нест аз қафасат то чаман. Гар на қабули туам, ҳоҷати андӯҳ нест, Ишқ ба сар мебарад хориҷ аз ин анҷуман. Монда ба зери ғубор ёди маро ёди ту, Сабз кунад дар канор ёди туро ёди ман.