Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин,
Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин,
Худо ҳамеша туро ёр боду ёртарин.
Бизӣ, зи боди ҳаводис ҳамеша эмин бош,
Ки гултарин нафарон ҳам шаванд хортарин.
Ту некувона, ки аз сулби фитрат омадаӣ,
Дар ин тариқати худ бош пойдортарин.
Сипоси субҳ, ки фарроши осмонии мост,
Дигар кӣ ҳаст ҳамин гуна тозакортарин.
Зи панҷ ҳарфи мунаввар ситораобод аст,
Даруни дурҷи дилам дурри шоҳвортарин.
Муҳаббат омаду аз роҳ боздошт туро,
Вагарна, чун ҳамаӣ сахт рафтагортарин.