Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ карашма мезанад дар нигаҳи мунири ман,

Ишқ карашма мезанад дар нигаҳи мунири ман, Кистӣ, эй замири ту як шуда бо замири ман. Рӯи ҳақиқати дағал атри фасона рехтам, Ларза гирифт рӯҳи шаб аз нафаси ҳарири ман. Даст бидеҳ, ки бӯсамат, зиндагӣ, эй рафиқи раҳ, Монеа баста ҷодаро мурдани ногузири ман. Ман чу фариштаи қадим омадаам зи бостон, Ишқ чӣ кор мекунад дар дили пири пири ман. Пур шудааст марғзор аз алафи газандае, Доми ту орзу кунад оҳуи шергири ман. Ин ҳама бешабоҳатӣ мову туро шабеҳ кард, Варна, бубин, намешавад, сояи ман назири ман. Андӯҳи кист рафтанам, рафтани холию абас, Шодии кист, эй азиз, омадани ҳақири ман? Бурдаӣ ин хати маро хидмати Офаридгор, Вақт гузашту дер шуд, бозпас о, сафири ман!