Эй ранги сабоҳат, рез дар тираҷаҳони ман
Эй ранги сабоҳат, рез дар тираҷаҳони ман
В-эй нури малоҳат, рез дар рӯҳу равони ман.
Фардои ҳумоюнам дар зеҳн мусаввар буд,
Аммо чӣ бало омад берун зи гумони ман.
Фарёд, ки месӯзад Вахшу Хуталони ман,
Густарда шуд ин оташ то решаи ҷони ман.
Аз ғояти ночорӣ по бар сари худ кӯбам,
Ҷуз дасти худам набвад тобуткашони ман.
Дар ин сақари ваҳшат, фарёд занам, эй хок,
Хокистари қақнус ту, ё мулки каёни ман.
Андеша кун, эй ҳамхун, онро, ки чӣ мемонад
Аз ному нишону ту в-аз ному нишони ман.
Бе теғи ту ҳам охир ҷуз марг илоҷам нест,
Офоқ нахоҳад дод як лаҳза амони ман.
Имрӯз кушӣ, аммо фардо зи ғамам гирйӣ,
Ҳам қотили ман ҳастӣ, ҳам марсияхони ман.