Хуҷанди ман, Хуҷанди ман, ту, эй хоки баланди ман,
Хуҷанди ман, Хуҷанди ман, ту, эй хоки баланди ман,
Ту, эй хуршедшаҳри рӯшани оинабанди ман.
Агар Рӯдоба будам, остонбӯси ту мекардам
Шафақро, гар чу Золи Зар бияфтад дар каманди ман.
Камолиддин ба оби шеър тӯмори туро бинвишт,
Ки чашми бад набинӣ, мӯниси тӯморбанди ман.
Ба қанди порсӣ нозам, ки ширин кард коматро,
Ҷаҳон оби даҳон резад зи ширинии қанди ман.
Зиҳӣ, фарри фаридунӣ, зиҳӣ, тахти ҳумоюнӣ,
Зиҳӣ, эй Мевағул, эй шаҳрёри арҷманди ман.
Сабо густох бинад мушкбедони хиёбонро,
Ки мегӯяд, раҳо созед домони паранди ман.
Ба Сайҳунрӯд мегӯям, ки бо оини хуршедӣ
Чакомак хону абрешим зан, эй нозукписанди ман.
Таҳорат кард рӯди маст бо оби баёни Шайх,
Ки мехонад намозашро ба домонат, Хуҷанди ман.