Паст наё, ки мешавӣ хандахариши нокасон,
Паст наё, ки мешавӣ хандахариши нокасон,
Парчами офтоб шав, бош зи дастнорасон.
Санги касе намерасад ҳеч ба меваи нуҷум,
Тоири кибриё туӣ, лоша наӣ ба каргасон.
Бехабар аз сири азал, бе ғами охират зиӣ,
Аз сари худ раҳо бикун фикри фасонаву фасон.
Ҷо на марову на туро дар сафи хеш медиҳанд
Отифаҳои покрав, олиҳаҳои чашмасон.
Вақт гузашту боз ҳам бештар аз гузашта шуд
Дар тани дерсоли мо замзамаҳои наврасон.
Ёр, бубахш бандаро, ин ки ба фикри содааш
Ҳаст зи хосагони Ту, нест зи тӯдаи хасон.