Ту яктогавҳарӣ дар гавҳаристон,
Ту яктогавҳарӣ дар гавҳаристон,
Ту шириншаккарӣ аз шаккаристон.
Чу фарвардин расидӣ сабз дар сабз
Ба зери вусъати нилуфаристон.
Рафоҳ овард овози ҳалимат
Ба ин бозоргоҳи маҳшаристон.
Пур аз имону бовар мужда додӣ
Аз ин шакзору з-ин нобоваристон.
Ду пайвандат, ки дар авҷи самоянд,
Саломат мекунанд аз кафтаристон.
Як Анбар* рафту омад Анбари** нав,
Саодатманд зӣ дар анбаристон.
Саодатманд зӣ, эй моҳи заррин,
Миёни ин фаристону заристон.
Биё, аз файзи Рӯҳулқудс дам зан,
Ки Марямгунаӣ дар кофаристон.
Бурун о аз садаф, эй гавҳари ноб,
Ки дунёро намоӣ гавҳаристон.
*Ба шодбоди милоди дӯсти азизам - бонуи рӯзноманигор
Гавҳар Умарзода иншо шуд.
** Номи модар ва набераи Гавҳарбону.