Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон,

Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон, Дар ҳечзори ҳарзаву ғафлат ниҳонакон. Охир чаро суи абадият намеравед, Саргин раҳо кунед, ай аробакашонакон. Дидам, ки мумкин аст фақат бо раҳи ҳунар Аз нав шукуфа бастани пучу хазонакон. Бинем, то куҷо ба саломат равонаанд Дар раҳгузори ростравон сангмонакон. Дар кулбаҳои коҳгилӣ қути мушҳост Дипломҳои сурхи ҳама панҷхонакон. Эй рафта дар муқобили тақвим, мекунӣ Риши сафед хандахариши ҷавонакон. Саҷҷода боз кун, чӣ заминбӯс кардаӣ Қадди камон ба саҷдаи абрӯкамонакон? Донам, ки ҳеч нагзарад аз имтиҳони вақт Чун бодреза пар задани ҷонфишонакон. Як лаҳза бин, саодати нодонакон марост, Як лаҳза пас азияти бисёрдонакон. Ҷоно, зи тангкӯчаи дирӯзмондагон Моро бибар ба шаҳраҳи фардоравонакон.