Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хурда мегиранд хурдон бар муаззамҷавҳарон,

Хурда мегиранд хурдон бар муаззамҷавҳарон, Чашмҳои танг натвонанд фатҳи бекарон. Даст афшону бирав аз растаи бадгӯйҳо, Фориғ аз арзанфурӯшон, хаста аз арзанхарон. Дар фалак натвон харидан рутбаи хуршедро, Ҳар қадар ҳам мешаванд ин абрҳо ҷомадарон. Пуштбони осмонӣ дорӣ, эй фаррухниҳод, Хок хоҳад хӯрд тазвири ҳама бадгавҳарон. Мо ҳам аз ботинмусалмонони зоҳиркофарем, Не аз он зоҳирмусалмонону ботинкофарон. Чун раҳовард оварӣ ихлоси нуқсонёфта Дар сафарҳое, ки аз худ мекунӣ то дигарон. Дил зи тоқи синаам афтод, табрикаш кунед, Чун ҳубуташ рашки меъроҷ аст, эй пайғамбарон. Вақт ҳамчун шаҳнаи золим бияфтод аз паям, То маро хориҷ кунад аз ҷашни шириншаккарон. Чун сабукдӯшам дигар аз нозбардории ишқ, Ин сабукдӯшӣ гарон омад, гарон омад, гарон.