Баҳори бохтаамро дубора баргардон,
Баҳори бохтаамро дубора баргардон,
Маро ба он дами ширингувора баргардон.
Нишоти кӯтаҳи урдибиҳишти дӯшинро
Ба субҳлолаи шабнамнигора баргардон.
Раҳо кун аз таҳи дандони худ ҳаёти маро,
Ҳар он чи хӯрдаӣ, эй умрхора, баргардон.
Чу пора-пора диламро ба ту фиристодам,
Ба лутф он ҳамаро пора-пора баргардон.
Дигар маҷоз наҷӯям, ки асли асл туӣ,
Маро ба он мани беистиора баргардон.
Чу аз барои ту саҳл аст боздоданҳо,
Ба беситоратаринон ситора баргардон.
Тамоми бохтаҳои маро чу субҳи сахӣ
Ба як табассуми хуршедвора баргардон.
Аё муҳаббат, аё ҷавҳарии қалбшинос,
Маро ба он мани аслӣ дубора баргардон.