Марҷон шумурд, марҷон, борони субҳагардон
Марҷон шумурд, марҷон, борони субҳагардон
Дандон фишурд, дандон, борони шаддадандон.
Гилро вузӯи нав дод, гулро тулӯи нав дод
Борони хандагирён, борони гиряхандон.
Чун сарнавишти борон афтодан аст бар хок,
Бар хотири ман омад рӯзи ҳубути инсон.
Инак, ҳазору як шаб дар як нафас сар омад,
Афсонаҳои мо ҳам поён гирифт, поён.
Дардо, ки нагзарад ишқ аз озмоиши васл,
Ҳаққо, ки бигзарад ишқ аз имтиҳони ҳиҷрон.
Чун мо равем, борон ҳак мекунад ба ҳасрат
Дар лавҳҳои мармар сенуқтаҳои армон…