Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зиндагӣ! Азизи ман! Эй азизи ёсинхон,

Зиндагӣ! Азизи ман! Эй азизи ёсинхон, Фурсати ҳамоғӯшӣ бо ту мешавад поён. Растахезҳои ту кай хулоса хоҳад шуд, Эй дили бад-ин хурдӣ ҳаммасоҳати кайҳон. Узр неҳ, ки ин як дам дар гузаргаҳи олам Мо наем пурҳамён, мо ҳайем пурҳазён. Эй мухотаби аслӣ, узр неҳ, ки мегуфтам Шеърҳои ишқиро номаҳои беунвон. Ишқ, ишқи бигзашта дар дилам ҳамоно монд Доғи аз ҳама пайдо, дарди аз ҳама пинҳон. Узр неҳ, ки мепаррад ғоибона сӯи ту Ин хитобаи зебо: ҷони ҷони ҷони ҷон.