Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳидоят бидеҳ бар ҳидоятпазирон,

Ҳидоят бидеҳ бар ҳидоятпазирон, Мунодӣ фиристон ба ҷони мунирон. Басе рафту шӯяндае ҳам наомад Ба полоиши доғи мо, дилҳарирон. Чу бар осмон бингарам, гӯям, эй вой, Мани бесаводу хати он дабирон. Саломи мани хонашинро расонед Ба Каъбасуроғону Замзамзамирон. Чӣ гӯям, ки бо садзабонӣ хамӯшам Дами бозпурсии Мункар Накирон. Бубахшед, агар тарки чаҳ-чаҳ намудам, Маро хат занед аз сафи хушсафирон. Дилам монда дар бойгонии сина Наву куҳна чун «Ёдгори Зарирон». Бимон, ишқ, эй вомбарги ҷавонӣ, Туро мебарам ман ба табрики пирон.