Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармой, модарҷон,
Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармой, модарҷон,
Бад - он ҳастии зебо ҳастиям орой, модарҷон.
Нарав, доим бимону офтобона ба рӯи мо
Дари фардову фардои дигар бикшой, модарҷон.
Кушоиш хостам дар ин гузаргоҳи гираҳбаста,
Дуъо кун, эй накӯфоли муборакрой, модарҷон.
Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз оғоз,
Ҷаҳону бевафоии варо бахшой, модарҷон.
Ба субҳи офариниш борҳо рафтиву баргаштӣ,
Ту медонӣ, ба мо баргӯй сирри ной, модарҷон.
Мусалло бофтам аз тору пуди ишқи беифшо,
Ҳидоятхоҳам, инак, қиблаам бинмой, модарҷон.