Ба бадеъият баҳорӣ, ба самимият чу борон,
Ба бадеъият баҳорӣ, ба самимият чу борон,
Бишунидаам зи чашмат тапиши дили баҳорон.
Чӣ кунам, ки ҳеч кардан натавонам аз бароят,
Нашудам ягонаи ту, ки якеям аз ҳазорон.
Чу ба зарда мехурӯшанд касони тирамоҳӣ,
Ту чаратсаи баҳорӣ ба вуҷуди интизорон.
Ба ҳазор лолаистон биравам, туро наёбам,
Ки ту лолаофтобӣ ба фарози кӯҳсорон.
Зарабони ман шуморад фақат он табиби якто,
Ки ҷуз ӯ шаванд хаста ҳамаи тапишшуморон.
Мани гармҷӯшро ҳам бинишонд амри тақвим
Ба сафи фусурдаҷонон, ба қатори бешаророн.
Аҷал оядам, ки гирад, мани куҳнаро пазирад
Нафасе, ки кӯч бандам зи ҳарими ёди ёрон.