Ваҳйи субҳ меояд бар саломи бедорон,
Ваҳйи субҳ меояд бар саломи бедорон,
Сура-сура чун хуршед, оя-оя чун борон.
То абад мунаввар бод аз фари иноёташ
Субҳи орзуварзон, шоми субҳпиндорон!
Эй насими дарёӣ, бо шамими миноӣ
Кӯлбор густардӣ ин саҳар чу атторон.
Аз ҳавошии барзан мерасад ба гӯши ман
Шип-шипи хазонрӯбон, пич-пичи сафедорон.
Бехато бизан, эй дил, эй дили шафаққандил,
Лолаҳои пайконӣ бар сари сияҳкорон.
Дил, ки бемуҳаббат шуд, зистан азият шуд,
Ё Худо, намон моро дар қатори бекорон.
Эй ту навҳузури мо, эй ту навзуҳури мо,
Исиёна ҳозир шав бар наҷоти беморон.
Садду сактаро во кун, бозгашти зебо кун,
Як ту, як ту мефаҳмӣ ҳолати гирифторон.
Ҷуз иродати беҳад, ҷуз муҳаббати сармад
Ман чӣ мебарам ҳадя бар зиёрати ёрон.