Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бигирифт қиблагоҳам раҳи манзили хамӯшон,

Бигирифт қиблагоҳам раҳи манзили хамӯшон, Сари марқадаш бирафтам саҳар обидиданӯшон. Бишуд ашки ман чароғе сари хокҷои покаш, Мижаам шабиҳи най шуд, наи аз алам хурӯшон. Чӣ хамӯш буд хокаш ба ҷавоби нолаҳоям Ва аз абр осмон ҳам ҳама пунба зад ба гӯшон. Ба куҷо ниҳам ғамамро, ки заифи беасоям, Ба асо зананд такя дигар осмонбадӯшон. Чӣ тасаллие бигӯям ба дили азогирифта, Ки ҳазор сол пас ҳам накунад сафедпӯшон.