Мо офаридаҳои Худои муҳаббатем,
Мо офаридаҳои Худои муҳаббатем,
Оҷиз ба пеши муъҷизаҳои муҳаббатем.
Гоҳе дар авҷи арш радифи ситораҳо,
Гаҳ дар замин фитода ба пои муҳаббатем.
Гаҳ сӯзи ҷонгудоз, гаҳе сози дилнавоз,
Гоҳе атову гоҳ балои муҳаббатем.
Савгандхӯрдагони вафо нестем агар,
Пас, фандхӯрдагони хатои муҳаббатем.
Гумкардараҳ, дар ин шаби ялдо ғамин мабош,
Мо кавкабему қутбнамои муҳаббатем.
Моем ошиқони худододаи асил,
Яъне, ки шокирони ҷафои муҳаббатем.