Ман зи ту интизори иршодам,
Ман зи ту интизори иршодам,
Бо ҳамин интизориям шодам.
Бесутунам, ки сад ҳазорон сол
Чашмдори қудуми Фарҳодам.
Васли ту ишқро халал бахшад,
Ҳаҷри ту менамояд имдодам.
Ту киӣ, охир, эй ҳақиқати асл,
Ҳосили сад тахайюл эҷодам.
Гарчи мехостам, раҳо нашавад,
Умр буд, он чи ройгон додам.
Мепазирам ба ҷон чу хатти камол,
Ҳар чӣ гӯӣ, ба айбу эродам.
Дӯш ҳам, ҳолиёву фардо ҳам
Ту фаромӯшииву ман ёдам.
Ёд нокардани қадиматро
Туҳфа овардаӣ ба милодам.