Андалебона ошиқи саҳарам,
Андалебона ошиқи саҳарам,
Ассалом, эй парии нилуфарам.
Балки маъшуқи бомдодам ман,
Дилбари шаҳсувори шедфарам.
Маҳрамона биё ба хилвати ман,
Чашми тарро бинеҳ ба чашми тарам.
Ҳиммататро сано, ки мегӯӣ,
Ноз кун, ноз кун, ки нозхарам.
Ман, ки бо нури ту шудам восил,
Сояи кистам, ки бехабарам?
Гар маро бе ҳиҷоб мебинӣ,
Субҳам, оре, зи субҳ субҳтарам.
Аз паси шиша дӯстат дорам,
Субҳ, эй кадхудои шишагарам.