Ҳанӯз рухсати табрики ёрро дорам,
Ҳанӯз рухсати табрики ёрро дорам,
Басо ҳақираму ин ифтихорро дорам.
Ғами азизи ту шуд ҳалқаи нигинаи дил,
Даруни сина ҳамин ёдгорро дорам.
Ба ҳусну хулқ дайиям, вале дубора бубин,
Ки дар дилам зарабони баҳорро дорам.
Чу чашми ишқ кушодам, фақат туро дидам,
Туро - умеди ҳазорон ҳазорро дорам.
Иродатам ба Худованд бо василаи туст,
Ки чун ту оинаи Кирдгорро дорам.
Иродатам ба Банӣ Одам аз ту пайдо шуд,
Ки беқиёстарин шоҳкорро дорам.
Ба ҷустуҷӯи як Инсон равонаам ҳама умр,
Ман аз нахуст ҳамин дӯшборро дорам.
Барои он ки маро бо ту рӯ ба рӯ овард,
Сипоси беҳади Парвардгорро дорам.