Зиҳӣ, эй насими улвӣ, ба нафас бидеҳ вузӯям,
Зиҳӣ, эй насими улвӣ, ба нафас бидеҳ вузӯям,
Хате аз ғубор дорад варақи заҳири рӯям.
Ту зи соли ман чӣ пурсӣ, ки дар ин қаламрави вақт
Ба тулӯъ чун ғурубам, ба ғуруб навнумӯям.
Надиҳам ба лаб иҷозат сухани нашустаеро,
Нашавад, ки ишқ ранҷад, ман агар ҷуз ӯ бигӯям.
Чу ба чашми оҳувона шудам инъикоси Маҷнун,
Хати сабзи туст, ҷоно, хати сабзи ҷустуҷӯям.
Ту бигӯиям, ки ҳайфо, сари гесувон буридӣ,
Назари тамаъ надорад ба саре каманди мӯям.
Ба умед маҳмили ман раҳи ношинос пӯяд,
Ту киӣ, ай интизорам, ту киӣ, ай орзуям.
Ба азизи худ расидам ба тариқи марямона,
Ту биё ба шодбодам: дигар ин мане, ки ӯям!