Зарабони навбаҳорам, ки дили гул аст ҷоям,
Зарабони навбаҳорам, ки дили гул аст ҷоям,
Агарам аҷал бигирад, ба ҳаёти гул дароям.
Ба ҳаёти гул дароям, ки нигоҳҳо навозам,
Ба ҳаёти гул дароям, ки димоғҳо кушоям.
Шабе обгун расидам зи булӯри осмонҳо,
Ки фитод боми қалбат зи чакидани садоям.
Чӣ касест дар шабистон ба сифоти коргардон,
Ки навори хоб бошад чу навори синамоям.
Манамо ту, эй сиёсат, ба утуфатам таҷовуз,
Ки фишонда доманамро ба ҳама сару садоям.
Ту ба ҳар қадам чароям ба шиканҷа озмоӣ,
Манат он қадар парастам, ки туро наозмоям.
Бикушо дари қафасро ба шамими ёсуманҳо,
Бикушо раҳи нафасро, бикушо, ки ман биёям.