Оина бошам, ки садоят кунам,
Оина бошам, ки садоят кунам,
Ғарқи сафо, ғарқи сафоят кунам.
Раҳмдилам, варна ки мекуштамат,
Як нигаҳи умррабоят кунам.
Хори мижа дар қадамат мекашам,
Узр бинеҳ, обилапоят кунам.
Гуфтаӣ, эй гавҳари тӯморбанд,
Нест баҳоят, ки баҳоят кунам.
Гуфтамат: овез маро дар дилат,
То ҳама дам дафъи балоят кунам.
Васл наҷустӣ зи ман, эй аслҷӯ,
Асл шудам ман, ки ризоят кунам.
Ҷон наӣ, эй ҷон, ки бидуни дареғ
Аз қафаси сина раҳоят кунам.
Он чӣ, ки меоядам аз дасту дил
Боз дуо, боз дуоят кунам.