Эй будани азизи ту маънои буданам,
Эй будани азизи ту маънои буданам,
Хоби биҳишт дидану гандум дуруданам.
Бигзашт вақти золиму боре мадад накард
Баҳри туро зи лавҳаи хотир зудуданам.
Ҳоло иҷоза деҳ, ки гаронӣ намекунад
Бар олами бузурги ту худро фузуданам.
Бо чашми хасм бин, ки чӣ зиштам, чӣ зишт, зишт,
Бо чашми туст ин ҳама зебо намуданам.
Гуфтӣ: «Ҳазор ҷаҳд кунам ҳам, намешавад
Як тукмаро зи пираҳани дил кушуданам.
Беш аз ҳазор сол диҳам имтиҳони ҳаҷр,
Ҳам баъди марг идома бикун озмуданам».
Охир бубанд дастаму бар маҳбасам нишон
Вақти зи пушти панҷара себе рабуданам.