Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Акси осмон афтод рӯи оби чашмонам,

Акси осмон афтод рӯи оби чашмонам, Офтобро дуздид соябарги мижгонам. Кош, ғунча мебудам нозбанди сад парда, Гавҳари саҳарнам буд тукмаи гиребонам. То бурун шуд аз парда, бо нигоҳи ту омехт, Ҷомаи ҳаё овар бар нигоҳи урёнам. Як нигар, ки механдам, як нигар, ки мегирям, Ё фариштаи хуршед, ё парии боронам. Ин наям, ки мегӯям, он наям, ки мехоҳам, Чун кунам, намегунҷад хоҳишам дар имконам. Ишқ чист? Имонам, сабзаи биёбонам, Шодии шабовезам, андуҳи чароғонам. Ҷумла дард ёри марг, дарди ишқ бемаргист, Гарчи мурдаам кайҳо, маргро намедонам. Дер мешавад дигар шабнамиву хуршедӣ, Офтоби ман, бикшой қуфли шабнамистонам.