Аз ҳарири сабост пираҳанам,
Аз ҳарири сабост пираҳанам,
Аз сабоҳат танидаанд танам.
Беш аз инам дигар хамӯш намон,
Эй харидори гавҳари суханам.
Пурсише кун, ки посухе гӯяд
Раҳм кун бар лаби шакаршиканам.
Кош, нозе зи боғбон медид
Ҷони нозук чу ҷони ёсуманам.
Санг бастам, ба нармӣ обам кун,
То ба поят чу чашма сар фиканам.
Оқибат теғи абрувон бикашам,
Гираҳи абрувони ту биканам.
Маънии андаруни маъноям,
Бишинос ончунон маро, ки манам.
Сабабе соз баҳри зистанам,
Диле овар ба дӯст доштанам.