Шуои шамс набахшад ҳино ба мӯи сиёҳам,
Шуои шамс набахшад ҳино ба мӯи сиёҳам,
На Юсуфам, ки шавад абри оҷгуна кулоҳам.
Ту нахли маърифативу манам нишаста чу Будо,
Ҳазор сол шуду ночашида себи гуноҳам.
Чу мурдам, оинае дор дар раҳи нафаси ман,
Ки чашми оина пинҳон шавад зи пардаи оҳам.
Маро, ки шоҳиди рӯҳониям ба хилвати унсат,
Зи дил марон, ки ҷуз ин хилвати гузида нахоҳам.
Туро зи ман ба чӣ сеҳре рабуд духтари ангур,
Ба дилбарӣ кам аз ӯям, ҳазор ҷон, ки бикоҳам.
Чу шонаҳои матин мекашанд бори сари худ,
Ман он вуҷуди маҳинам, ки ишқро бипаноҳам.
Дигар манам, ки наметарсам аз таҷаллии покат,
Биё, биё ба нигоҳам, биё, биё ба нигоҳам.