Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мезанад атри гули ток шабехун ба машомам,

Мезанад атри гули ток шабехун ба машомам, Сурх шуд аз шарари лолаарӯсак лаби бомам. Обхезии баҳорони балоғат паси сар монд, Ончунон рафт, ки хомӯш нашуд шӯру қиёмам. Ишқ-он хусрави зебост, ки дар мошини шавкат Тунд бигзашту наҷунбонд сарашро ба саломам. Дилбарӣ чист, ки ман ҳеч аз ин илм надонам, Музҳик аст ин ки бинозам, дағал аст ин ки хиромам. Нози нилуфарии обаму дар дидаи ҷӯям, Кокули духтари хуршедаму дар панҷаи шомам. Охир, эй пири ҳидоят, бинигар, дер нишастам, Даст бар рӯ бикашу фотиҳае деҳ ба давомам.