Меҳрубонӣ рез, эй шаб, дар шабистони вуҷудам,
Меҳрубонӣ рез, эй шаб, дар шабистони вуҷудам,
Ғам муғаннӣ гашту ман дар хидмати ӯ ҳамчу удам.
Ман чӣ ҳам мехоҳам охир аз дили маснӯъи ин қавм,
Бас кун, эй дил, бас кун, эй дил, ишқро ҳам озмудам.
Марҳабо гуфтам ба боғи кибриё нолоиқеро,
Пушти дар номаҳраме буд, қуфли дил ноҷо кушудам.
Ошное бӯ набурд аз ҳарфи хуноғуштаи ман,
Хома менолад, ки ноҳақ рехтӣ хуни кабудам.
Ёр агар бо ёди ман нест, аз чӣ ман бо ёди ӯям,
Номаҳоро бардаридам, бепаёмам, бедурудам.
Охир, эй Маҷнун, куҷоӣ, гиря кун дар вусъати ман,
Як биёбони азимам, регзори беҳудудам.
Чашм пӯшидам зи олам, ӯ ҳам аз ман чашм пӯшид,
Ончунон рафтам, ки гӯё аз азал ҳаргиз набудам.