Атр аст, атри вожа дар оғӯши дафтарам,
Атр аст, атри вожа дар оғӯши дафтарам,
Атри нафас шунав зи каломи муанбарам.
Оинаӣ, ки пур шудаӣ аз ҳузури ман,
Ҷавҳар туӣ, ки ёфтаӣ асли ҷавҳарам.
Чашмат, ки ғайри ҳусн набинад, сабақ диҳад,
Бар ман, ки ҷурм бинаму бар ҳусн нангарам.
Бар мардумони чашми ту нозам, ки бо намоз
Имон биёваранд ба чашмони кофарам.
Гуфтӣ: Фариштаиву надонӣ, ки ишқ чист,
Сар то ба пой ишқ манам, ҳеч дигарам.
Дар байни рӯҳу ҷисм ҳаётам дугона аст,
Ишқам зи рӯҳ роҳ надорад ба пайкарам.
Ҳарфе ба лаб наёраду мебишнавам варо,
Он дури авҷрав, ки нишастаст дар барам.
Роҳе, ки бар ҳақиқати ҳастӣ расам, куҷост,
Эй ишқ, ишқ, ишқ, чароғи мунавварам!