Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дӯш атласи ҷӯйборро мешустам,

Дӯш атласи ҷӯйборро мешустам, Дар кокули хуршед ҳино мебастам. Мерафтаму мешудам чу оина мунир, Бо акси ту, эй азиз, мепайвастам. Пеши ту шикаст нуктаи мавзунам, Бо ҷурми нафасҳои баланду пастам. Аз он хати райҳон, ки чаҳаш дар паҳлӯст, Бигзор раманд оҳувони мастам. Бар ҷӯ, ки каманди гесувон афкандам, Як кавкаби субҳ шуд асири шастам. Фардои фалакро ту ба ман маънӣ кун, Эй кавкаби субҳ, аз хутути дастам. Дар масҷиди дил ишқ азон мехонад, «К-эй нестӣ, аз баъди ту ҳам ман ҳастам!»