Нафаси тоза кашам, умри нав оғоз кунам,
Нафаси тоза кашам, умри нав оғоз кунам,
Баъди сад ноз ба ишқат дари дил боз кунам.
Ҳамчунон мурғакам андар қафаси сабр асир,
Биканам тӯри қафас, сӯи ту парвоз кунам.
Аз нигоҳат рамаму мижжа хамонам, охир
Дар паноҳи нигаҳат орамаму ноз кунам.
Якнавоз асту басе дилбазан аст ин будан,
Баъд аз ин захма занам, савти нав оғоз кунам.
Ту шунав, хомушиям ромиши шево дорад,
Ту бихон, бо нигаҳам арзи ҳама роз кунам.
Хешро гуфтаву дар хеш фурӯ мемондам,
Беҳ туро гӯяму бо номи ту эъҷоз кунам.