Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нашавад дил зи ту баргираму озод кунам,

Нашавад дил зи ту баргираму озод кунам, Ба гули себ қасам, боз туро ёд кунам. Лампаҳо сӯхтаву кӯча ба шаб таслим аст, Рӯшанӣ деҳ, ки туро раҳбари иршод кунам. Нафаре гуфт: «Халал додиям, эй ахтари наҳс», Ман, ки мехоста будам, ба вай имдод кунам. Бе ту, эй мояи дил, бе ту, аё пояи ҷон, Сарфи ин умри азизе, ки худо дод, кунам. Нест дар тинати ман ҳавсалаи бонуӣ, Ин ки пироҳани нав пӯшаму дил шод кунам. Айби нодилбариям буд, ки Ширин нашудам, Натавонистамат, эй хоҷа, ки Фарҳод кунам. Чашмам омӯз, ки бе сурма ҳам охир хоност, Бе қалам қиссаи сад дард қаламдод кунам. Зиндагӣ нест чу иншои клоси охир, Ки бар ҳар навъ, ки хоҳам, зи нав эҷод кунам. Ту, ки мардона фаромӯш намудӣ, аҳсан, Ман заифона туро ёд кунам, ёд кунам.