Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Тоқатам рафту раҳо гашт инони ашкам,

Тоқатам рафту раҳо гашт инони ашкам, Соф шуд чашми ман аз бори гарони ашкам. Дарди ногуфтаниям буду варо мӯи ба мӯ Пеши бегона баён кард забони ашкам. Як ишорат ба шафақбориши айёме буд Шафақи ханда, ки бишкуфт миёни ашкам. Тири ашке, ки ба сӯи ту задам, хок бихӯрд. Оҳ, эй бехабар аз тирукамони ашкам. То ту дар дашти фалак хӯшаи парвин чидӣ, Хушк шуд хӯшаи мижгонаму дони ашкам.