Бишунав, ай осмонӣ, салавоти ҳар нигоҳам,
Бишунав, ай осмонӣ, салавоти ҳар нигоҳам,
Бифирист раҳмататро ба сукути узрхоҳам.
Ба сипоси он ғуруре, ки зи ту гирифтам инъом,
Зи паси касе ба зиллат надавад ғубори оҳам.
Ба адӯ дуруд гӯям, ба адӯ, ки серкор аст,
Ки бизӣ, мабош хаста зи шумурдани гуноҳам.
Зи муҳаббати баринӣ ба муҳаббати заминӣ
Чу кунам ақибнишинӣ, ту макуш ба иштибоҳам.
Ба ҳимояту табибӣ, ба ҳидояту ҳабибӣ
Бирасон бидуни сакта ба саломату рафоҳам.
Бибарам ба халқ узре, ки ҷунуни ман зи ҳад шуд,
Ки насибае гирифта зи муҳаббати Илоҳам.