Хуш меравам, хаёли нишеман намекунам,
Хуш меравам, хаёли нишеман намекунам,
Дар мадду ҷазри ҳодиса маъман намекунам.
То истгоҳи охири ман чанд фарсахест,
Рафтан хуш аст, фикри расидан намекунам.
Менолам, аз чӣ нест баромадгаҳи наҷот,
Худро чаро ба маҳкама равзан намекунам?
Бар бесабоҳатии ҷаҳон сахт қоилам,
Ин хираро барои чӣ рӯшан намекунам?
Камтар зи мӯрам, арзанакеро чӣ сон барам,
Дерест, орзуи таҳамтан намекунам.
Худхоратар зи ман набувад душмане маро,
Як бор дарки қудрати душман намекунам.
Карнай кашид шуҳрату ман гӯш бастаам,
Чун табл зиндагии мутантан намекунам.
Бедард гӯр кардани ёди азизи ёр,
Инро ту метавонию бас, ман намекунам.
То мақтаъ омадам, ки нидо кард матлаъам:
Хуш меравам, хаёли расидан намекунам.